"ЗАНИ РУС ЛАТУ КӮБАМ КАРД, АММО ШАВҲАРАМРО ОВАРДАМ"

Oila TJ
Oila TJ
204.1 هزار بار بازدید - 2 سال پیش - Азизмоҳ Маҳмадиева, ягона соҳибкорзани сертаҷриба
Азизмоҳ Маҳмадиева, ягона соҳибкорзани сертаҷриба ва калонсолест, ки зиёда аз 30 соли умри худро баҳри бунёд кардани боғу парвариши дарахтони мевадиҳанда сарф кардааст. Ӯ Хоҷагии деҳқонии “Ширин”-ро соли 2005 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъсис додааст. Мурабия, бригадир ва баъдан соҳибкор шудан барои холаи Азизмоҳ шуғли ҳамешагӣ гашт. Аз соли 1990 то 2005 ҳамчун бригадир 120 коргарзан дошту зиндагии онҳо низ аз ин ҳисоб пеш мерафт.  

Ин оилаи заҳматкаш имрӯз зиндагии худро аз ҳисоби даромадашон, ки аз боғ ҷамъоварӣ мекунанд, пеш мебаранд. Холаи Азизимоҳ мегӯяд, ҳанӯз меваҳо норасида, ҳар сол соҳибкорон бо онҳо шартномаи доду гирифт мебанданд.

Холаи Азизмоҳ ҳаёти худро бе боғу дарахтон тасаввур карда наметавонад, агар рӯзе натавонад аз боғ дидан намояд, як-як дар бораи ҳолати дарахтану боғаш аз наберагону фарзандонаш мепурсад. Сарҷамъ будани аҳли байташон, аз ҷумла наберагону фарзандон барои холаи Азизмоҳ давлати бузругест.
2 سال پیش در تاریخ 1401/06/08 منتشر شده است.
204,116 بـار بازدید شده
... بیشتر