Зан ва муҳоҷират: Ҳарчи мехоҳӣ, бипурс!

Oila TJ
Oila TJ
937 بار بازدید - 2 سال پیش - Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани занони
Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани занони тоҷик яке аз мавзӯҳои доғи ҷомеа маҳсуб меёбад.Аксари муҳоҷирзанони тоҷик модарони танҳо буда, ба хотири хариди манзил, таъмини фарзандони ноболиғашон ва ҳалли дигар мушкилоти рӯзгор аз ночорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардаанд.

Ба хотири роҳнамоии занони муҳоҷир сомонаи oila.tj рӯзи 28-сентябр аз соати 18.30 то 20.00 бо иштироки коршиносони соҳаи муҳоҷират дар мавзуи “Зан ва муҳоҷират”
Гуфтугӯйи мустақим  баргузор мекунад.  

Шумо зани муҳоҷир ҳастед ва мушкилоти зиёд дореду роҳи ҳаллашонро намедонед?  

Дар кишвари бегона намедонед, ки фарзандонатонро чӣ гуна ба боғча ва мактаб гузоред?

Қонунҳои муҳоҷирати намедонед ва сарсону саргардон ҳастед? Пас ҳатман саволҳои худро дар коментария навишта аз коршиносон ҷавоби дақиқи бигиред. Барномаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон” баргузор гашта, дар рафти барнома метавонед саволҳои худро тариқи телефони зерин +992-92-743-10-08  пешниҳод намоед.

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст.  Сомонаи ОИЛА ТҶ  барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.
-------------------------
Маълумоти пурраро дар бораи муҳоҷирати бехатар,  дар ссылкаи зерин пайдо карда метавонед https://oila.tj/category/muoirati-bek...
Сомона: www.oila.tj
instagramm: Instagram: oilatj
facebook: Facebook: oilatj
Телефон барои тамос: - +992-907-46-27-11, 44-601-35-95
2 سال پیش در تاریخ 1401/07/04 منتشر شده است.
937 بـار بازدید شده
... بیشتر