Асадуллохи Шамс - Ай шуълаи хазин... RC

Ruzgor CINEMA
Ruzgor CINEMA
164.2 هزار بار بازدید - 4 سال پیش - АБДУХОЛИҚ СӮФИЕВ: ҲАМА ЁРОНАМ БА
АБДУХОЛИҚ СӮФИЕВ: ҲАМА ЁРОНАМ БА ПАРЕШОНӢ...
Абдухолиқ Сӯфиев агар дар қайди ҳаёт мебуд 24-уми феврал 67 сола мешуд. Дареғо, ки миқрози аҷал риштаи умри ӯро 26-сентябри соли 2015 канда кард ва хабари маргаш ҳама ёронашро, ки дар ҳар гӯшаи олам парешон буданд, дар сӯги мотами ӯ шинонд.
Абдухолиқи шодравонро, ки нобинои модарзод буд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи Машриқзамин Аҳмад Зоҳири зиндаёд мешиносанд. Воқеан дар Тоҷикистони мо овозхонҳои зиёде ҳастанд, ки асосан таронаҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд. Дар байни онҳо яке аз беҳтаринҳо Абдухолиқ буд. Қариб дар ҳама маъракаҳои расмиву ғайрирасмӣ ӯро даъват мекарданд ва ӯ бештар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд.
Навори мазкур яке аз охарин наворҳое ҳаст, ки ҷамъе аз дӯстон ба айёдати Абдухолиқи азиз ба бемористон рафта буданду падари бузургворам Султони Ҳамад - руҳаш шод бод, ба навор гирифта буд. Хоҳиши мо аз Шумо, дӯстони азиз, муштариёни сомонаи «Рӯзгор» ва "Ruzgor CINEMA" ин аст, ки ба хотири шод шудани рӯҳи ин марде, ки дар зиндагияш талош мекард, ки инсонҳо ҳамеша шоду хурсанд бошанд, дуъои хайр кунед!
Рӯҳи Абдухолиқ шоду хонаи охираташ обод бод!

"Ruzgor CINEMA"
Ба канали "Ruzgor CINEMA" обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурухшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои хеш рӯзгори Шуморо рангин месозем. Ба канали мо обуна шуданро фаромӯш насозед! Бо мо бошед!!! Шумо метавонед ҳама фикру дархостҳоятонро тариқи почтаи электронии [email protected] ба мо ирсол намоед. Ҳамчунин Шумо метавонад, аз сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии "Рӯзгор" http://ruzgor.tj/ дидан намуда, дилхоҳ маводҳои писандидаи хешро мутолиа намоед...
4 سال پیش در تاریخ 1399/01/04 منتشر شده است.
164,277 بـار بازدید شده
... بیشتر