Ахбори Точикистон Имруз - 25.08.2024 | novosti tajikistana

ТВ Таджикистан
ТВ Таджикистан
51.6 هزار بار بازدید - 3 هفته پیش - Даҳаи якуми моҳи сентябр дар
Даҳаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд. Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, истеҳсоли матоъҳои миллӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адрас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Ғолибони фестивал бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, дӯзандагону тарроҳони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намоянд.
3 هفته پیش در تاریخ 1403/06/04 منتشر شده است.
51,679 بـار بازدید شده
... بیشتر