ПИСАРИ АҲМАД ЗОҲИР: ПАДАРИ МАН ТОҶИК БУД!

Bomdod TV
Bomdod TV
33.1 هزار بار بازدید - ماه قبل - Ришод Зоҳир, писари овозхони шуҳратёр
Ришод Зоҳир, писари овозхони шуҳратёр Аҳмад Зоҳир рӯзи 11 июни соли 2024 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба баҳси тоҷик ё пашту будани падараш нуқта гузошт ва гуфт, “бобоям Абдузоҳир ва падарам Аҳмад Зоҳир тоҷик буданд”. Ришод Зоҳир ва писараш Ёсин Зоҳир рӯзи 9 июн вориди Душанбе шуданд ва ду ҳафта дар Тоҷикистон хоҳанд монд. Онҳо аз ҷумла рӯзи 14 июн дар шаби ёдбуди Аҳмад Зоҳир, ки дар “Кохи Суруш” дар солгарди 45-уми қатли “булбули Шарқ” баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Қарор аст, дар ин шаби ёдбуд овозхонҳои шинохта ва ҳаваскороне, ки дар пайравӣ аз Аҳмад Зоҳир тарона мехонанд, ҳунарнамоӣ кунанд.
Ришод Зоҳир гуфт, Абдузоҳир – падари Аҳмад Зоҳир ва бобои ӯ зодаи минтақаи Деҳмазанг дар канори Кобул буда, аҷдоди онҳо аслан аз вилояти Лағмон мебошанд.
“Аввалан, Аҳмад Зоҳир аз ҳамаи ҷаҳон аст. Аммо агар ҳақиқатро бигӯям, аҷдоди мо 80 фисад тоҷиканд. Мо тоҷикем, мо ҳаммиллатем”, - гуфт Ришод Зоҳир.
Ришод Зоҳир ба шикастани лавҳаи қабри Аҳмад Зоҳир ишора карда, гуфт, ки “падарам бо Худо наздик буд ва ҳарчи кунанд ҳам, муҳаббати ӯ аз қалбҳо зудуда намешавад”.
ماه قبل در تاریخ 1403/03/23 منتشر شده است.
33,199 بـار بازدید شده
... بیشتر