ТАЪРИХИ ТАРОНАИ ШОҲКОРИ "ТОҶИКАМ"

Bomdod TV
Bomdod TV
2.2 هزار بار بازدید - 3 سال پیش - Дар солҳои 90-ум дар Ӯзбекистон
Дар солҳои 90-ум дар Ӯзбекистон таронае бо номи "Ман тоҷикам" эҷод шуда буд.
Таронаи маъруфи "Тоҷикам"-ро бори нахуст дар соли 1993 як овозхони тоҷикзабон аз ноҳияи Бойсуни Узбекистон, Хайрулло Насриддинов иҷро карда буд. Он вақт ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳукмрон буд ва обрӯи тоҷикон дар минтақа ба сатҳи паст қарор гирифт ва мегуфтанд, ки "шумо чӣ хел одамонед, ки якдигарро мекушед".
Умуман, дар пасманзари ҷанг ифтихор кардан аз миллати худ дар Узбекистон душвор буд. Он вақт тоҷикон ҳатто кӯшиш мекарданд, ки асли худро пинҳон намоянд. Хайрулло Насриддинов бо азоби зиёд ин хамаро пайгирӣ намуда ва баъд ба мардум хотиррасон кард, ки тоҷикон аслан кистанд.
Ба ӯ як ҳамватанаш аз Бойсуни Узбекистон, омӯзгори маҳаллӣ Исматулло Кенҷаев кумак кард ва матни суруди “Тоҷикам”-ро навишт. Дар суруди худ аз фарзандони фарзонаи халки тоҷик ба мисоли Рудакй, Фирдавсй, Хайём, Саъдй, Ҳофиз, Сино, Айнй, Турсунзода ва дар бораи саҳми онҳо дар фарҳангу маданияти ҷаҳонӣ ёдовар шуд.
То ба ҳол таронаи "Ман тоҷикам" дар радиоҳои маҳаллӣ, шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ мунтазам садо медиҳад. Аммо достони душвори офариниши ин таронаро ҳоло кам касе ба ёд меорад ва муаллифи матни аслӣ низ ба далели маъруфияти тарона тақрибан фаромӯш шудааст.
3 سال پیش در تاریخ 1400/11/10 منتشر شده است.
2,234 بـار بازدید شده
... بیشتر