Турецкая Пахлава - Тарзи Осон Тайёр Кардани Пахлава

Лаззатҳои Гуногун
Лаззатҳои Гуногун
66.6 هزار بار بازدید - 6 سال پیش - Салом ба ҳамаи тамошобинони азиз!Маҳсулотҳо.3ст
Салом ба ҳамаи тамошобинони азиз!


Маҳсулотҳо.

3ст шакар
2,5ст об
Як порача лимон

200г мағзи чормағз
250г маска
Юфка

Аввал шарбатамонро тайёр мекунем. 3ст шакар 2,5ст об як порча лимонро андохта, дар болои оташ мемонем. Вақте, ки ҷӯш омад оташро паст мекунем 15дқ меҷӯшад, баъд аз болои оташ мегирем, мемонем хунук шавад.

Баъд 250г маскаро об мекунем, барои миёнаи юфкаҳо.

Юфкаҳоро мемонем листро монда мебурем. Баъд юфкаро дар лист мемонем, равған мешакем, боз як юфкаи дигарро монда равған мешакем, дар қабати сеюм, юфкаҳои пора шударо мемонем, баъд чормағз мепошем, дар қабатҳое ки чормағз мепошем, он қабатҳоро равған намешакем. Ана ҳамин хел то охира такрор мекунем ду юфкаро равған шакида мемонем сеюмашро, равған нашакида чормағз мепошем.
Ман ҳамин хел панҷ бор чормағз пошидам, яъне баъди ҳар се юфкаи панҷ маротиба чормағз пошидам. 6-7 юфкаи болояшро раған шакида мондам, чормағз напошидам шумо ҳам ҳамин хел кунед.

Пахлаваҳоро мебурем, баъд равғани зиёдатиро ба болои пахлаваҳо мешакем.
 Баъд дар тафдони ҷӯш мемонем.
Дар тафдон дар 160С ~45 - 50дқ меистад

Ин пахлаваҳо аҷоибот болаззат меоянд. Аз Бозориҳо ҳеҷ фарқе надоранд. Ба ҳама тавсия мекунам!

Умедвoрам ба шумо ҳам писанд меояд.

Лайк-монӣ ва Обунашавиро фаромӯш накунед. Фикрҳои худро дар поёни видео навистанро фаромӯш накунед!

Инстаграм: Instagram: Lazzatho
6 سال پیش در تاریخ 1397/11/29 منتشر شده است.
66,648 بـار بازدید شده
... بیشتر