МАШАВ ГАМГИН ХУДО ХОЧАТБАРОР АСТ-УМЕДИ РАХМАТ 2018

УМЕДИ РАХМАТ
УМЕДИ РАХМАТ
774.6 هزار بار بازدید - 6 سال پیش - #умедирахмат
#умедирахмат #джамшедимахкампур
Агар-чи дар дилат сузу ғубор аст!
Агар рузат мисоли шоми тор аст!
Агар-чи оби чашмат шашқатор аст!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар умрат гузашт андар ғарибӣ!
Зи хурсандии Олам бенасиби!
Агар бемору муҳтоҷи табиби!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар-чи рафт умри навҷавонӣ!
Бидиди ғуссаҳои зиндагонӣ!
Надиди хуррамиву меҳрубони!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар дар нохуни фарзанд шуди зор!
Кашиди чанд сари сол, ҷабру озор!
Талаб кун аз Худойи Поку Faмхор!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар гашти ҷудо аз ҳамсари худ!
Ва ё доди зи дастат модари худ!
Ва ё зиндони диди додари худ!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар таркат намуд дусти қаринат!
Агар заҳр гашт рузгори ширинат!
Қаноъат кун, ту бар нони ҷавинат!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар баҳри ту бинмуданд хиёнат!
Агар гумкардае боши маконат!
Таваккал кун ба Ҳақ ҷонро амонат!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар сарсону саргардону зори!
Агар беқадри хешону табори!
Агар ҷусти наёфти дасти ёрӣ!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар лол гашти, ё кур гашти, ё кар!
Наомад бар аёдат ҳеҷ бародар!
Ки ин як имтиҳони Зоти Акбар!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар беқадриву пеш-пеши пойи!
Наёфти пораи нон бар гадойи!
Ба ҳар ҳолат ту дустдори Худойи!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар дар ҳосили корат самар нест!
Агар зулмони қалбатро қамар нест!
Касе бадбахт мисли ту дигар нест!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар монди ту дар зери фишоре!
Намеояд зи дастад ҳеҷ коре!
Муҳаббат ҷуй, маҷуй роҳи ниқоре!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар рафт ҳурмату ҷоҳу ҷалолат!
Агар бишкаст пару, бишкаста болат!
Ҳаром кард нокасе, ҳаққи ҳалолат!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Савора будиву гашти  пиёда!
Баландпарвоз буди,
гашти фитода!
Намо зикри Худованд, ҷойи бода!
Машав ғaмгин, Худо ҳоҷатбарор аст!


Агар дар ҷайби ту як танга пул нест!
Ҳақиқат гуфтаҳои қабул нест!
Агар хор гаштиву, буе зи гул нест!
Машав ғaмгин,Худо ҳоҷатбарор аст!
6 سال پیش در تاریخ 1397/07/03 منتشر شده است.
774,662 بـار بازدید شده
... بیشتر