Толиб Карими Озарахш, Фарахманд Каримов ва Хумоюн Каримов "Хама гул, хама тарона", соли 2014

Ozarakhsh & Farzona
Ozarakhsh & Farzona
69.5 هزار بار بازدید - 6 سال پیش - Чу баҳор мебиёям ҳама гул,
Чу баҳор мебиёям ҳама гул, ҳама тарона,
Ба ту чеҳра менамоям ҳама гул, ҳама тарона.
Нафаре агар бипурсад, ки ба чанд медароӣ,
Ба ҳазор медароям хама гул, ҳама тарона.
Ба ҳазор ҳам дароям, зи ту илтимос дорам,
Ки биёвари бароям ҳама гул, ҳама тарона.
Бифирист, эй ягона, бифирист бебаҳона
Зи ҳарими кибриёям ҳама гул,ҳама тарона.
Ба ман омадаст нома зи ҳабиби сабзхома,
Чу лифофа мекушоям: ҳама гул, ҳама тарона.
Ба ҷавоби шӯру иғво бибарам ба рамзи эҳдо
Ба рақиби садкабоям, ҳама гул, ҳама тарона.
Мани рафта баъди реҳлат ба шарофати муҳаббат
Ба ҳаёт мегароям ҳама гул, ҳама тарона.
6 سال پیش در تاریخ 1397/01/23 منتشر شده است.
69,587 بـار بازدید شده
... بیشتر