Кароматулло Қурбонов — Бо Дили Дарё Нишинам | Karomatullo Qurbonov — Bo Dili Daryo Nishinam

Voajab Films
Voajab Films
103.2 هزار بار بازدید - 5 سال پیش - Тарона: Бо Дили Дарё НишинамМатн:
Тарона: Бо Дили Дарё Нишинам
Матн: Лоиқ Шералӣ
Оҳанг: Кароматулло Қурбонов
Сароянда: Кароматулло Қурбонов

Матни шеър:

Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад,
Бо ғами дунё бисӯзам, то дилам дунё шавад.
Дурии гардун биҷӯям, то шавам наздики дил,
Вусъати саҳро бихоҳам, сафҳаам саҳро шавад.
Ҳеҷ кас монанди деҳқон нест ҳамдарди замин,
Ин заминпаймо ҳам охир чун фалакпаймо шавад.
Халқро яксар савод омӯхтему чашми хат,
Бояд акнун босаводаш оқилу доно шавад.
Аз дили кӯҳам, бихоҳам, к-аз дили пурганҷи ӯ
Ногаҳон чун кони тилло шоире пайдо шавад.
[1979]

#Karomatullo #Кароматулло #Курбонов
5 سال پیش در تاریخ 1397/11/14 منتشر شده است.
103,208 بـار بازدید شده
... بیشتر