БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ВАЗИРИ СОБИҚ. БА ПАРВАНДАИ НАСИМ ОЛИМЗОДА МУҲРИ МАХФӢ ЗАДААНД

Bomdod TV
Bomdod TV
30.1 هزار بار بازدید - 2 ماه پیش - Насим Хоҷа Олимзода, собиқ вазири
Насим Хоҷа Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2020, ки баъди барканориаш 4 сол боз раҳбарии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ҷумҳуриро бар дӯш дошт, дар поёни моҳи июн боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 3 июли соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ду манбаи гуногун, аз ҷумла яке аз хешовандони наздики Насим Олимзода хабар доданд.
Хешованди наздики вазири собиқ бо тасдиқи хабари боздошти Олимзода гуфт, ки боздошти ӯ рӯзи 29 июни соли 2024 сурат гирифта, ӯ инак чанд рӯз боз дар ҳабс дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Аммо ин ҳамсуҳбати “Бомдод” дар мавриди ин ки Насим Олимзодаро бо чӣ иттиҳоме ва кадом ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ дастгир кардааст?, изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, бино ба иттилое, ки ӯ дорад, ба парвандаи вазири собиқи тандурустӣ муҳри махфӣ задаанд.
Ба “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки тафсилоти парвандаи Насим Олимзодаро ба даст оварда, айбномаи ба зидди ӯ эълоншударо рӯшан кунад. Аммо маъмулан муҳри махфӣ ба парвандаҳое зада мешавад, ки ба амнияти давлатӣ рабт мегиранд. Аз ҷумла мақомот ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки 12 июн бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт шуд, муҳри махфӣ задаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки Насим Олимзода бо иттиҳоми даст доштан дар ягон ҷинояти коррупсионӣ дастгир шудааст ваё дар бастагӣ ба парвандаи Усмонзода?
2 ماه پیش در تاریخ 1403/04/13 منتشر شده است.
30,163 بـار بازدید شده
... بیشتر