AFC U-23 Asian Cup 2024 Qualifiers | Tajikistan vs Laos - 2:1 | Match Highlights

Tajikistan Football Federation
Tajikistan Football Federation
10.2 هزار بار بازدید - 11 ماه پیش - МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР
МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 БАР ТИМИ ЛАОС ЗАФАР ЁФТ

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷараёни вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» аз тими олимпии Лаос шикаст мехӯрд, вале дар дақиқаҳои охири бозӣ тавонист на танҳо ҳисобро баробар кунад, балки пирӯз ҳам шавад – 2:1. Голҳои Содиқҷон Қурбонов ва Руслан Хайлоев ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Австралия бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 12 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)
♦️ Гурӯҳи «I». Даври 2
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇦 Лаос – 2:1
⚽️ Голҳо: Дамотҳ Тхонгхамсаватҳ, 54 (0:1). Содиқҷон Қурбонов, 90+1 (1:1). Руслан Хайлоев, 90+4 (2:1).
🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Руслан Хайлоев (🇹🇯 Тоҷикистон).
🏟 9 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

#TajikistanU23 #ТочикистонБаПеш #AsianCupU23
11 ماه پیش در تاریخ 1402/06/19 منتشر شده است.
10,264 بـار بازدید شده
... بیشتر