هدف قیام امام حسین ع

Salamtj.tv
Salamtj.tv
77 بار بازدید - 3 سال پیش - Ҳадафи қиёми имом Ҳусейн Имом
Ҳадафи қиёми имом Ҳусейн Имом Ҳусейн (а) ҳадафи ҳаракат ва қиёми худро дар ҳамон лаҳзаҳои аввал баён кард то ҳам дигарон бидонанд ва ҳуҷҷат тамом шавад ва ҳам бадхоҳон ва мунҳарифон онро бархилофи ҳақиқат ва мувофиқи майл ва ҳавову ҳавас ва фаҳми ноқиси худ таблиғ ва аз аҳамият ва ҳақиқати он кам накунанд. Имом Ҳусейн (а) бо баёни ҳадафи қиёми худ то қиёмат роҳро аз чоҳ ва ҳақро аз ботил равшан кард ва дасти таҳрифгарон ва бадхоҳонро кутоҳ намуд. Албатта ҳар мусулмони воқеӣ бояд бо ин қиёми худописандона ва ҷовидонаи сарвари ҷавонони биҳишт ва пешвои мӯъминон ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб ошно шавад ва онро хуб биёмӯзад ва аз он дарс гирад. Он гоҳ ки имом Ҳусейн (а) бар асари фишори ҳукумат маҷбур шуд аз Мадина берун равад, дар зимни навиштае ҳадафи ҳаракат ва қиёми худро чунин шарҳ дод: إِنّى لَمْ أَخْرُجْ أَشِرًا وَلا بَطَرًا وَلا مُفْسِدًا وَلا ظالِمًا وَإِنَّما خَرَجْتُ لِطَلَبِ الإصْلاحِ فى أُمَّةِ جَدّى أُريدُ أَنْ آمُرَ بِالْمَعْرُوفِ وَأَنْهى عَنِ الْمُنْكَرِ وَ أَسيرَ بِسيرَةِ جَدّى وَ أَبى عَلِىِّ بْنِ أَبيطالِب «Ман аз рӯи худхоҳӣ, хушгузаронӣ ва ё барои фасод ва ситамгарӣ қиём накардам, балки ман фақат барои ислоҳ дар уммати ҷаддам (Расули Худо(с)) аз ватан хориҷ шудам. Мехоҳам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам ва ба сира ва равиши ҷаддам ва падарам Алӣ ибни Абитолиб амал намоям.»
3 سال پیش در تاریخ 1400/05/19 منتشر شده است.
77 بـار بازدید شده
... بیشتر